Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯзи хунини дигар дар Афғонистон ВИДЕО


Толибон бо гармтар шудани ҳаво дар Афғонистон ҳамлаву хунрезиро бештар кардаанд
Толибон бо гармтар шудани ҳаво дар Афғонистон ҳамлаву хунрезиро бештар кардаанд

Ҷангҷӯён дар Афғонистон бо ҳамла ба чанд посгоҳи амният дар ҷануби кишвар 20 маъмури амниятиро куштаанд. Гулислом Сайол, сухангӯи ҳукумати вилояти Зобул рӯзи 21-уми май гуфт, ки ҳамлаҳо шаби 20-уми май шурӯъ шуд ва дар ҳамла ба посгоҳҳои амниятии ноҳияи Шаҳҷой 10 маъмури амниятӣ ва пулис кушта шуданд.

Толибон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтанд. Ва дигар инки афроди номаълум як зани олмонӣ ва муҳофизи ӯро дар меҳмонсарое дар Кобул куштаанд ва як зани финландиро рабудаанд.

Каролина Романофф, сухангӯи вазорати умури хориҷии Финландия боздошти шаҳрванди кишварро таъйид кард, вале аз ин бештар чизе нагуфт. Вазорат бо нашри як баёнияи расмӣ хостори раҳоии фаврии ин зан шуд.

Куштори зани олмонӣ дар Кобул
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:16 0:00

XS
SM
MD
LG