Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми додгоҳи СММ ба Покистон: Афсари Ҳинд набояд эъдом шавад


Додгоҳи байналмилалии адолат амр дод, ки Покистон даст аз эъдоми афсари нирӯҳои дарёии Ҳинд, ки дар ҷосусӣ ва терроризм муттаҳам шудааст, бардорад. Додгоҳи Гаага рӯзи 18 май гуфт, ки Покистон набояд ҳукми қатли Кулбҳушан Ҷадҳавро иҷро кунад.

Президенти додгоҳ Ронни Абраҳам гуфт, ки додгоҳ дар як овоздиҳии пӯшида бо раъйи оро овоз дод, ки “Покистон тамоми талошашро ба харҷ диҳад, то ки ҷаноби Ҷадҳав эъдом нашавад”. Ҳинд иддао кардааст, ки ҳуқуқи Ҷадҳав баъди боздошташ соли гузашта дар амри дастрасӣ ба консулгарии Ҳинд нақз шудааст.

Покистон гуфт, ки Ҷадҳав дар вилояти Балуҷистону воқеъ дар ҷанубуғарби ин кишвар боздошт шуд. Деҳлӣ ҷосус будани афсарро рад карда гуфтааст, ки ӯ дар хоки Эрон рабуда шудааст. Ҳукми Додгоҳи байналмилалии Гаага, ки қазияҳои баҳсии байни ин ду кишварро баррасӣ мекунад, барои ҳарду кишвар ҳатмӣ маҳсуб меёбад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG