Пайвандҳои дастрасӣ

Коргари пешини "Казахмис" дар додгоҳ худро захмӣ кард


Жанболат Оспанов, як шаҳрванди Қазоқистон дар додгоҳ бо нишони эътироз аз қарори судя худашро бо корд захмӣ кард. Вай дар додгоҳ аз ширкати "Казахмис" ронда шуданашро баҳс мекунад. Чанде пеш додгоҳи вилоятии Қарағанда баҳсро ба нафъи вай ҳал кард. Бо ҳадафи мулоқот бо роҳбарияти додгоҳи шаҳрии Жезказган, коргари пешини ширкати "Казахмис" Жанболат Оспанов дар роҳрави додгоҳ дар назди кормандони пулис худашро бо корд захмӣ кард. Вай дар бемористон бистарӣ шуд. Табибон вазъи ӯро муътадил арзёбӣ мекунанд.

Оспанови 28-сола дар суҳбати телефонӣ ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар дод, ки аз ноумедӣ ба ин кор даст задааст. Вай мегӯяд, додгоҳи зинаи болоӣ қарори додгоҳи Жезказганро дар бораи ба кор барқарор кардани ӯ бекор ва шикояти корфарморо қонеъ кардааст. Ширкати "Казахмис" тасдиқ кард, ки Жанболат Оспанов аз соли 2014 ба ин сӯ дар корхонаи мазкур фаъолият мекунад. Ширкат шартномаи меҳнатиро бо ӯ моҳи октябри соли 2016 ба далели ҳозир нашудан ба кор қатъ кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG