Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Озарбойҷон амри бозгашти маҷбурии Лайло Юунусро содир кард


Лайло Юунус
Лайло Юунус

Додгоҳи Озарбойҷон амр кард, ки фаъоли ҳуқуқи башар Лайло Юнус ва ҳамсари ӯ Ориф Юнусро барои иштирок дар мурофиаи парвандаи дорои ангезаҳои сиёсӣ иҷборан аз Ҳолланд ба кишвар баргардонанд.

Рӯзи 17-уми май додгоҳи шаҳри Боку дархости вакили ин ҷуфт Элсин Содиқов барои иштироки зерҳимояҳояш аз тариқи видеоро рад кард. Додгоҳ, инчунин, гуфт, мурофиа 31-уми май баргузор шавад.

Содиқов мегӯяд, ки қарори додгоҳ роҳи мақомоти Озарбойҷонро барои дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додани Юнусовҳо боз мекунад.

Лайло Юнуси 61-сола ва ҳамсараш Ориф Юнус соли 2014 ҷудо аз якдигар боздошт ва моҳи августи соли 2015 бо иттиҳоми ҷинояти иқтисодӣ то 8 сол ба зиндон маҳкум шуданд. Созмонҳои байналмилалӣ ин ҳукмро ҳамчун масхараи адолат маҳкум карданд. Авохири соли 2015 зану шавҳар бо назардошти вазъи сиҳатиашон аз зиндон озод шуданд ва мақомот ҳукми додгоҳро ба зиндони шартӣ иваз карданд.

Авохири соли 2016 Юнусовҳо иҷозат гирифтанд, ки барои табобат ба Ҳолланд раванд ва дигар ба Озарбойҷон барнагаштанд.

Қарори мурофиаи нав моҳи гузашта, баъд аз он содир шуд, ки додгоҳ аризаи ин ду нафарро барои лағви иттиҳом ва озодии комил ба баррасӣ гирифт.

XS
SM
MD
LG