Пайвандҳои дастрасӣ

Microsoft ба мубориза барои ҳуқуқи башар ҳамроҳ шуд


Ширкати Microsoft рӯзи 16 май эълон кард, ки дар давоми 5 соли оянда 5 миллион доллар маблағро ба дафтари ҳуқуқи башари СММ тақдим хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки ИМА саҳми худро дар барномаҳои СММ коҳиш дода гуфтааст, ки бахшҳои СММ метавонанд аз ҳисоби ширкатҳои хусусӣ буҷаи барномаҳои худро такмил кунанд.

Тақрибан кулли маблағҳои созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башарро дар гузашта ҳукуматҳои кишварҳо таъмин мекарданд. Як сухангӯи СММ гуфт, ки саҳми ширкатҳои хусусӣ дар буҷаи созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон тақрибан ба сифр баробар аст, дар ҳоле, ки ин ширкатҳо метавонанд нақши боризтаре дошта бошанд. Раҳбари дафтари СММ оид ба ҳуқуқи башар Зайд Раъд Ал-Ҳусейн гуфт, ки умедвор аст ин танҳо оғози кор аст ва дар оянда саҳми ширкатҳои хусусӣ афзоиш меёбад.

Microsoft ваъда додааст, ки технологияҳои махсусе эҷод мекунад, ки тавони расидагӣ ба мушкилоти марбут ба ҳуқуқи башар дар сайёра, аз ҷумла, кушторҳои худсарона, таҷовуз ба номус, боздоштҳои бидуни додгоҳӣ ва дигар мавридҳои поймолшавии ҳуқуқи инсонро ошкор ва фош кунанд. Бред Смит, президенти ширкати Microsoft гуфт, ки ба ҳайси ширкате, ки бо мушкилоти ҷаҳон ошно аст, мо ҳам масъулияти худро дар ҳалли ин масъалаҳо эҳсос мекунем”.

Microsoft инчунин ваъда додааст, ки зидди поймолшавии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла нақзи ҳуқуқи ҳамҷинсгароҳо дар ҷои кор аз роҳи таблиғот кор хоҳад бурд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG