Президенти Македония Георге Иванов гуфт, ки ба раҳбари ҳизби сотсиалу демократ ҳақи ташкили ҳукуматро медиҳад , то ки бӯҳрони сиёсии моҳҳои охир эҷодшуда дар ин кишвари Балкан хотима ёбад. Салоҳияти мазкур дар як маросими расмӣ дар мулоқоти рӯзи 17 май супурда шудааст.
Сотсиал-демократҳо ва ҳизбҳое, ки аз ҳақи албанитаборҳо намояндагӣ мекунанд, розӣ шуданд, ки дар паи интихоботи парлумонии моҳи декабри соли 2016 як эътилофи сиёсӣ ташкил кунанд.
Вале Иванов, ки аз ҳизби умдаи миллатгаро (“Ҳизби демократии барои ягонагии Македония”) намояндагӣ мекунаду солиёни зиёд сари қудрат будааст, аз додани чунин салоҳият ба раҳбари сотсиал-демократҳо Зоран Заев худдорӣ карда буд.
Иванов, ки гуфтааст, бахшиши мақоми забони дуюми давлатӣ ба забони албанӣ дар Македония метавонад тамомияти арзӣ ва ваҳдати миллии кишварро зери суол барад, гуфтааст, танҳо дар сурате метавонад ба Заев эътимод кунад, ки агар мурооти қонун ва конститутсияи миллӣ замонат дода шавад.