Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо Доналд Трамп дар Кохи Сафед


Раисони ҷумҳури ИМА ва Туркия дар нишасти матбуотӣ. 16 майи соли 2017
Раисони ҷумҳури ИМА ва Туркия дар нишасти матбуотӣ. 16 майи соли 2017

Доналд Трамп ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раҳбарони Амрико ва Туркия – дар Кохи Сафед дидор ва гуфтугӯ анҷом доданд. Дар нишасти хабарии муштарак, ки баъди мулоқот баргузор шуд, Трамп ва Эрдуғон дар бораи мубориза бо терроризм суҳбат карданд.

Президент Трамп гуфт, Вашингтон дастгирии Анкараро дар мубориза бо гуруҳҳои террористӣ, аз ҷумла созмони даҳшатафкани “Давлати исломӣ” ва Ҳизби коргари Курдистон, ки фаъолияташ дар Туркия, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо манъ аст, идома хоҳад дод.

Эрдуғон дар навбати худ бо ишора ба “Иттиҳоди демократӣ”-и курд ва ҷиноҳи он – “Дастаҳои мусаллаҳи мардумӣ” гуфт, ба гуруҳҳои террористӣ набояд ҷой дода шавад. Президенти Туркия ҳамкорӣ бо ин гуруҳҳоро комилан ғайри қобили қабул медонад.

Вашингтон ҳафтаи гузашта тарҳи кумаки низомӣ ба “Нерӯҳои демократии Сурия”-ро қабул кард, ки бахши бузурги онро Дастаҳои мусаллаҳи мардумии курд ташкил медиҳад. Сафари Эрдуғон дар Иёлоти Муттаҳида идома дорад.

XS
SM
MD
LG