Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳонгирӣ номзадиашро ба фоидаи Рӯҳонӣ пас гирифт


Ҳасан Рӯҳонӣ ва Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ ва Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ

Ноиби раиси ҷумҳури Эрон Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ аз сабқати раёсати ҷумҳур ба фоидаи Рӯҳонӣ, ки мехоҳад дар интихоботи рӯзи 19 май барои боз як даври дигари чаҳорсола президент шавад, берун рафт.

Гуфта мешавад, ки сиёсатмадори ислоҳотталаб Ҷаҳонгирӣ, ба хотири афзун кардани шонсҳои Ҳасан Рӯҳонӣ вориди сабқат шуд. Ӯ дар мубоҳисаҳои телевизионӣ аз сиёсати ҳукумати феълӣ пуштибонӣ кард.

"Эҳсос мекунам, ки масъулиятамро иҷро кардам. Ман якҷо бо ҳамаи шумо ба тарафдории Рӯҳонӣ райъ медиҳам"- навишт хабаргузории Тасним аз қавли Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ.

Ҷаҳонгирӣ дар ҳоле вориди корзор гардид, ки ҳадсу гумонҳо аз имкони ҷилавгирии Шӯрои Нигаҳбон аз иштироки Рӯҳонӣ дар интихобот пахш шуданд.

Рақиби аслии Рӯҳонӣ дар интихобот Иброҳим Раисӣ аст, ки президент Рӯҳониро ба пуштибонӣ аз аҳли сарват муттаҳам мекунад.

Ду довталаби дигар, номзади муҳофизакор, собиқ вазири фарҳанг - Мустафо Мирсалим ва номзади марказгаро Ҳошимитабо- раиси собиқи кумитаи Милли Олимпӣ, дар сабқат боқӣ мондаанд ва Ҳошимитабо гуфтааст, ки райъи худро ба Рӯҳонӣ медиҳад.

XS
SM
MD
LG