Пайвандҳои дастрасӣ

Як зани зодаи Тоҷикистон президенти Русия шуданист


Акс аз вебсайти http://eklimashkina.wixsite.com

Дар Русия як зани зодаи Тоҷикистон даъвои курсии президентӣ кардааст. Елена Климашкинаи 35-сола, зодаи вилояти Ленинободи Тоҷикистони Шӯравӣ ва сокини вилояти Алтайи Русия бо таъсиси вебсайти таблиғотӣ иддао кардааст, ки ҷӯёи курсии президентӣ дар соли 2018 мешавад.

Ин зан дар вебсайташ гуфтааст, дар оғози солҳои 1990-ум аз оташи ҷанг гурехта, дар Русия муқимӣ шуд. Дар ин муддат дар мактаби миёнаи маҳаллӣ таҳсил, баъдан дар фурӯшгоҳ ва сипас системаи давлатӣ кор кардааст. Вай гуфтааст, тарафдори таъсиси фурӯшгоҳҳои молу маҳсулоти ватанӣ аст, арзи хориҷиро аз назорати бонкҳо хориҷ мекунад ва системаи ЖКХ ё хадамоти коммуналиву хоҷагиро ҳам давлатӣ хоҳад кард. Вай, инчунин, ваъда додааст, ки низоми маориф ва тибро барои сокинон пурра бепул ва аз ҳисоби давлат ба роҳ мемонад.

Баъзе аз матбуоти Русия барномаи интихоботии Климашкинаро “популистӣ” номида, гуфтаанд, ӯ тавонистааст тавассути вебсайташ танҳо 120 рубл ҷамъоварӣ кунад.

Интихоботи президентии Русия соли 2018 баргузор мешавад. Рӯзи 15 май дар Пекин ба саволи хабарнигоре дар бораи нияти пешбарӣ кардани номзадиаш дар интихоботи навбатӣ президенти амалкунанда Владимир Путин посухи мушаххас надод. Таҳлилгарон мегӯянд, ба эҳтимоли ғолиб Путин талош хоҳад кард, ки курсиашро ҳифз кунад.

Яке дигар аз довталаби курсии президентӣ дар Русия сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний аст, ки моҳи декабри порсол омодагиашро барои пешбарии номзадиаш эълон карда буд. Вале коршиносон мегӯянд, мақомот бо баҳонаи ширкати ӯ дар парвандаи марбут ба “Кировлес” барояш ҳаққи қонунии пешбарии номзадиашро нахоҳанд дод.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG