Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи 23-миллиардии Узбакистону Чин


Шавкат Мирзиёев ва Сӣ Ҷин Пин - раисони ҷумҳури Узбакистон ва Чин

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон дар доираи сафараш ба Чин дар ҳаҷми 23 миллиард доллари ИМА созишномаҳои дуҷониба имзо кард.

Расонаҳои маҳаллии Узбакистон менависанд, ки ин санадҳо бахшҳои энергетика, коркарди нафт, навсозии истгоҳҳои барқӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва ғайраро дар бар мегиранд.

Мирзиёев 13 май бо сафари давлатӣ ба Чин рафт. Ӯ рӯзҳои 14 ва 15 май дар форуми "Як камарбанд - як роҳ" дар Пекин ширкат кард.

Чин дар ҳоли ҳозир яке аз бузургтарин шарикони тиҷоратии Узбакистон аст. Соли гузашта гардиши молу маҳсулот миёни ин ду кишвар 4,2 миллиард долларро ташкил дод. Президенти Узбакистон изҳори умедворӣ кард, ки дар соли ҷорӣ ин нишондод то 5 миллиард хоҳад расид.

Видеоҳои охирин

Тоҷикистон ба маҳсулоти гӯштӣ андози иловагӣ ҷорӣ мекунад
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG