Собиқ додситони кулли Туркманистон ҳамроҳи тақрибан 50 корманди ин ниҳод ва идораи умури дохилӣ боздошт шудааст. Дар ин бора бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар дод. Ананмират Халлиев рӯзи 4 май дар нишасти Шӯрои амнияти Туркманистон бо иттиҳоми адами муқобила бо ришвату фасод аз мақомаш барканор шуда буд.
Чанд манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Халлиев баъд аз ин нишаст дарҳол ба ҳабси хонагӣ гирифта шуда ва чанд рӯз қабл ба боздоштгоҳ интиқол ёфт. Қаблан бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфта буд, додситони кулли Туркманистон Аманмират Халлиев ва зердастонаш ба хотири онки натавонистанд аз сарватмандон барои Бозиҳои Осиё пул ҷамъ оранд, аз мақом барканор шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар сурате ки дастури Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти ин кишвар барои ҷамъоварии маблағ иҷро намешавад, ӯро пайдо шудани миқдори зиёди пул аз манзили кормандони мақомоти қудратӣ ба хашм овардааст. Ишқобод барои баргузории Бозиҳои Осиё то кунун 8 миллиард доллар харҷ кардааст. Аз ин миқдор танҳо 5 миллиард дар сохтмони Шаҳраки олимпӣ ва 2,3 миллиард доллар дар сохтмони фурудгоҳи нав сарф шудааст.