Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Саудӣ ба маблағи беш аз 100 млрд. $ аслиҳа мефурӯшад


Амрико тарҳи созишномаи фароҳамоварии аслиҳа ба арзиши беш аз 100 миллиард доллар ба Арабистони Саудиро омода мекунад. Хабаргузории "Ройтерс" рӯзи 12 май гузориш дод, ки ин иқдом як ҳафта пеш аз сафари раиси ҷумҳур Доналд Трамп ба Риёз сурат мегирад. "Ройтерс" ба нақл аз мақомҳои Қасри Сафед гуфт, ин аслиҳа ба Арабистони Саудӣ дар заминаи тақвияти фаъолиятҳои дифоиаш дар баробари Эрон, гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва таҳдидҳои дигари минтақаӣ кумак мекунад. Қарор аст, мувофиқатнома дар ин замина ҳангоми сафари Трамп ба Арабистони Саудӣ имзо шавад. Доналд Трамп дар нахустин сафари хориҷиаш ба унвони раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 19 май аввал ба Арабистони Саудӣ хоҳад рафт.

XS
SM
MD
LG