Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаҳои густардаи интернетӣ дар даҳҳо кишвари дунё


Доманаи ҳамлаҳои ҳакерӣ ё интернетӣ, ки рӯзи 12 май аввал дар чанд бемористони Бритониё сурат гирифт, дар даҳҳо кишвари дунё густариш ёфтааст. Идораҳои амнияти кибернетикӣ гуфтаанд, дар ин рӯз наздик ба 75 ҳазор ҳамлаи интернетӣ дар беш аз сад кишвар сурат гирифтанд. Тамаркузи ҳамлаварон бештар ба Русия, Украина ва Ҳинд будааст. Инҳо кишварҳое будаанд, ки ҳанӯз аз системаи куҳнаи “Майкрософт Виндовз” истифода мекунанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ки Вазорати умури дохилӣ ва Вазорати ҳолатҳои фавқулода дар ин ҳамлаҳо ҳадаф қарор гирифтаанд. Бино ба гузоришҳои расида, ҳудуди ҳазор компютер дар Вазорати умури дохилии Русия осеб дидаанд. Вебсайти “Медуза" навишт, ки ширкатҳои мухобиротии "Мегафон" ва "Билайн" низ мавриди ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифтаанд. Ҳамлаварон барои боз намудани дубораи системаҳо барои ҳар компютер аз 300 то 600 доллар хостаанд. То кунун мақомоти Тоҷикистон эълон накардаанд, ки оё доманаи ҳамлаҳои ҳакерӣ то ин кишвари Осиёи Марказӣ ҳам расидааст, ё не.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG