Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шубҳа ба ҳузури хабарнигори ТАСС дар дафтари Трамп


Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп дасти Сергей Кисляк, сафири Русия дар ИМА-ро фишурд. 10 майи соли 2017
Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп дасти Сергей Кисляк, сафири Русия дар ИМА-ро фишурд. 10 майи соли 2017

Нашрияи The Washington Post мегӯяд, ки ҳузури аксбардори ТАСС дар қабулгоҳи асосии раиси ҷумҳур Доналд Трамп интиқоди собиқадорони ҷомеаи истихбороти Амрикоро ба бор овард. Хабарнигор дар аксбардории протоколии қабл аз мулоқоти Доналд Трамп бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров иштирок кард.

Собиқ раҳбари Идораи истихбороти ИМА Дэвид Коэн мегӯяд, ки ба қабулгоҳи асосии президент роҳ додани суратгир, нақзи низоми амният аст, зеро ӯ метавонист дар дастгоҳи аккосияш таҷҳизоти сабти пинҳонӣ ва дастгоҳи наворбардории кӯчакро ҷой диҳад.

Кохи Сафед интиқодро рад карда, гуфт, ки хабарнигори рус ва таҷҳизоти ӯ бодиққат тафтиш шуд. Гуфта шуд, ки хабарнигорони амрикоӣ низ аз тафтиш мегузаранд.

Ба ғайр аз ин, ҷониби Русия Кохи Сафедро гумроҳ кард ва гуфт, ки Лавровро аккоси хусусиаш ҳамроҳӣ мекунад, аммо нагуфт, ки ӯ ҳамзамон корманди хабаргузории ТАСС аст. Аз ин рӯ, дастгоҳи президент аз ин ҳайрон шуд, ки дар саҳифаи ТАСС на танҳо акси Трамп бо Лавров, балки акси саҳнаи дастфишории президенти ИМА бо сафири Русия Кисляк нашр шуд.

Кисляк дар моҳҳои ахир аз чеҳраҳои овозасози матбуоти Амрико аст, ки собиқ мушовири амнияти миллии Кохи сафед баъди мулоқот бо ӯ мақомашро аз даст дод.

XS
SM
MD
LG