Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Отамбоев аз "ғавғо"-и сиёсатмадорони рус зидди муҳоҷирон


Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев
Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев

Президент Алмосбек Отамбоев ҳангоми суханронияш дар маросиме бахшида ба Рӯзи ғалаба дар шаҳри Бишкек сиёсатмадорон ва рӯзноманигорони русро танқид кард, ки баъди амалиёти террористӣ дар Петербург зидди муҳоҷирони Қирғизистон "ғавғо" барпо мекунанд.

Ба гуфтаи президенти Қирғизистон, солҳои ахир дар Русия садои шахсоне то рафт баландтар мешавад, ки миёни мардуми ду кишвар бадбинию хусумати нажодӣ бармеангезанд.

Отамбоев гуфт, баъди ҳамлаи террористӣ дар метрои Санкт-Петербург, ки чанд кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт, "сиёсатмадорон ва расонаҳои алоҳидаи Русия шӯру ғавғоро зидди муҳоҷирони кории Қирғизистон оғоз кардаанд".

"Вакили Думаи давлатӣ Константин Затулин дар як барномаи телевизиони "Россия-1" даъват кард, ки зидди муҳоҷирони Қирғизистон чораҳои шадид андешида шавад, чун ба гуфтаи ӯ, гӯё қирғизҳо бегонаанд ва аз лиҳози таърихӣ ба мардумоне, ки дар Русия мезистанд, шомил намешаванд", - мисол овард президенти Қирғизистон.

Отамбоев ба муҷрии барномаи мазкур барои "посухи муносибаш" ба вакили рус миннатдорӣ баён кард.

"Мушкили Русия на "бегонаҳо" -- муҳоҷирони Қирғизистон, балки бархе аз нависандаҳо ва сиёсатмадорони худаш аст, ки дар дохили ин кишвар ба ангехтани бадбинии нажодию қавмӣ машғуланд", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG