Пайвандҳои дастрасӣ

Бомбагузорӣ дар мадраса рӯҳонии шинохтаро қурбон кард


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки дар пайи таркиши бомба дар мадрасаи вилояти шимолии Парвон як рӯҳонии шинохта кушта шуда ва чанд тани дигар захмӣ гардиданд.

Шоҳ Валӣ Шаҳид, ноиби волии Парвон гуфт, таркиш субҳи 9 май дар мадрасаи Чоракор, маркази маъмурии вилоят, воқеъ дар шимоли Кобул сурат гирифт. Ӯ гуфт, ки ҳадафи бомбагузорӣ Мавлавӣ Абдулраҳим Ҳанафӣ, раҳбари Шӯрои уламои вилояти Парвон буд, ки ҳангоми таркиш ба ҳалокат расид.

Шӯрои уламо фаъолияти рӯҳониён ва таълимоти онҳоро дар саросари вилоят танзим мекунад.

Ноиби волӣ гуфт, тафтишот мехоҳад муайян кунад, ки бомбаро чӣ тавр дар синф оварданд.

Ҳеҷ гурӯҳ то ҳол масъулияти ин амалро, ки баъди оғози ҳамлаи тобистонии Толибон рух додааст, то ҳол бар дӯш нагирифт. Толибон моҳи гузашта шурӯи ҳамлаи тобистонаро эълон карданд ва қавл доданд, ки ҳуҷумҳоро дар саросари кишвар афзоиш медиҳанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG