Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Билл Клинтон достони "Президент гум шуд"-ро менависад


Раиси ҷумҳури собиқи Иёлоти Муттаҳида Билл Клинтон
Раиси ҷумҳури собиқи Иёлоти Муттаҳида Билл Клинтон

Билл Клинтон, раиси ҷумҳури собиқи Амрико, дар ҳамкорӣ бо як достоннависе, ки асарҳояш пурфурӯшанд, нахустин китоби тахайюлиашро таҳти унвони "Президент гум шуд" менависад.

Китобро Ҷеймс Петтерсон, "рекордшикан"-и пурфурӯштаринҳои "Ню Йорк Таймс" менависад ва қарор аст, ки он моҳи июни соли 2018 нашр шавад.

"Ин асар нодиртарин асрор ва найрангҳои драммаи пушти саҳнаи байналмилалиро аз долонҳои баланди қудрат тасвир мекунад. Асар маълумот ва ҷузъиёте пешкаш мекунад, ки онро танҳо президент метавонад бидонад", - мегӯянд ноширони китоб.

"Ҳамкорӣ бо президент Клинтон лаҳзаи барҷастаи зиндагии ҳирфаии ман аст", - гуфт Петтерсон. "Ман як қиссагӯям ва таҷрубаву биниши Билл Клинтон имкон дод, ки достони ҷолибро ҳикоят кунем."

Бил Клинтони демократ, сарфи назар аз бохти ҳамсараш Ҳиллари Клинтон дар интихоботи соли гузашта, аз маъруфтарин раисони ҷумҳури Амрико боқӣ мондааст. Ӯ гуфт, "кор бар рӯи як китоб дар мавриди раиси ҷумҳури амалкунанда, тасвири ончӣ ман дар бораи ин вазифа медонам, зиндагӣ дар Кохи Сафед, шеваҳои кори Вашингтон, ин ҳама хеле шавқовар буд."

XS
SM
MD
LG