Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров барои мулоқот бо Тиллерсон ба Вашингтон меравад


12 апрел, Маскав
12 апрел, Маскав

Вазири хориҷаи Амрико Рекс Тиллерсон қарор аст рӯзи 10 май дар шаҳри Вашингтон бо ҳамкори русаш Сергей Лавров мулоқот ва мавзӯи ҷангҳо дар Украинаву Сурия ва ҳам масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кунад. Изҳороти Департаменти давлатӣ дар бораи мулоқоти ба нақша гирифташудаи ду вазир рӯзи 8 май нашр шуд ва дар он гуфта шудааст, ки ду дипломат “зарурати хатми хушунатҳо дар шарқи Украина ва хатми пурраи низоъҳо аз роҳи иҷрои пурраи шартҳоро” дар заминаи созиши сулҳи Минск баррасӣ хоҳанд кард. Тиллерсон ният дорад талошҳои коҳиши хушунатҳо, ироаи кӯмаки башарӣ ба мардуми Сурия ва мушаххас кардани шарту шароити ҳалли сиёсии низоъҳо дар ин кишварро дар миён гузорад. Хабаргузории русии РИА Новости ба нақл аз вазорати хориҷаи Русия тасдиқи хабари мулоқоти Вашингтонро нашр кард.

Президенти ИМА Доналд Трамп дар ҷараёни маъракаи интихоботии худ соли гузашта гуфта буд, ки хостори беҳбуди равобит бо Русия буда, ҳатто ҳамкорӣ бо ин кишварро дар амри муқовимат бо ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурияро тарафдор мебошад. Вале равобити дуҷонибаи ин кишварҳо дар робита бо ҷанг дар Сурия дар ҳоли таниш аст. Русия аз ҳукумати президент Башор Асад ҳимоят мекунад. Илова ба ин, Маскав дар баробари ишғоли нимҷазираи Қрим дар соли 2014, аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина ҳимоят мекунад. Баъди дидори охираш бо Лавров ва президент Владимир Путин дар Маскав моҳи апрел, Тиллерсон гуфт, ки ду ҷониб бояд равобити бадшудаи байни ду ҷониб дар чанд соли охирро таҳрир кунанд.

XS
SM
MD
LG