Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Эрон ба Покистон дар заминаи ҳамлаҳои марзӣ


Раиси ситоди артиши Эрон Муҳаммад Ҳусейн Боқирӣ

Эрон Покистонро ҳушдор дод, ки агар Исломобод дар муқобила бо ҷангиёни суннимазҳаб дар марзҳои ин ду кишвар ноком шуд, Теҳрон пойгоҳҳои ҷангиёнро ҳадаф қарор медиҳад. Матбуоти давлатии Эрон дар нақли қавл аз раиси ситоди артиш Муҳаммад Ҳусейн Боқирӣ рӯзи 8 май навишт, ки Теҳрон умедвор аст, ки “мақомоти Покистон назорати марзҳояшро ба даст мегирад, террористонро ҳабс ва пойгоҳҳои онҳоро саркӯб хоҳад кард”. Вай гуфтааст, ки “агар ҳамлаҳои террористӣ идома ёбад, мо паноҳгоҳ ва худи онҳоро дар куҷое, ки набошад, ҳадаф қарор медиҳем”.

Моҳи апрел дар ҳамлае 10 марзбони эронӣ аз ҷониби ҷангиёни суннимазҳаби гурӯҳи мавсум ба “Ҷаиш ал-адл” кушта шуданд. Дар оғози моҳи май вазири умури хориҷии Эрон Ҷавод Зариф зимни боздид аз Исломобод бо мақомоти покистонӣ вазъи амниятӣ дар марзро баррасӣ кард. Покистон ба Эрон ваъда дод, ки нирӯҳои иловагиро дар хати марз мустақар хоҳад кард. Марзи миёни Эрону Покистон пайваста аз ҷониби қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҷангиён рахна ва бо ҳамин сабаб гоҳо боиси сар задани низоъҳо бо нирӯҳои амниятии Эрон мешавад.

“Ҷаиш ал-адл” дар гузашта чандин бор бо нирӯҳои амниятии Эрон вориди даргирӣ шудаанд. Ин гурӯҳ масъулияти ҳамлаҳои соли 2015 ва 2013-ро ба ӯҳда дорад, ки боиси кушта шудани 8 ва 14 марзбони эронӣ шудааст. Гурӯҳи ҷангӣ гуфтааст, ки ҳамлаҳои онҳо дар посух ба “табъйизи аққалиятҳои суннӣ” дар Эрони ғолибан шианишин равона шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG