Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманҳои Афғонистон зидди "Толибон"-у "Давлати исломӣ" меҷанганд


Ақалиятҳои туркман, ки дар шимоли Афғонистон зиндагӣ доранд, зидди ҳамлаи ҷангҷӯёни "Толибон"-у "Давлати исломӣ" муттаҳид мешаванд. Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ Шамердангулӣ Муродӣ аз Афғонистон хабар медиҳад, вақтҳои охир шумори гуруҳҳои худмуҳофизат афзоиш ёфта ва сокинони маҳаллӣ ҳарчи бештар ба сафи онҳо мепайванданд.

"Рӯзҳои охир вазъи амниятӣ шиддат гирифта, сокинони маҳаллӣ иҷборан ба сафи гуруҳҳо мепайванданд ва ба даст силоҳ мегиранд. Танҳо дар ноҳияи Чортеппа наздики 10 гуруҳ вуҷуд дорад", - мегӯяд Муродӣ. Абдулманон, фармондеҳи яке аз чунин гуруҳҳо мегӯяд, танҳо аз сафи онҳо 27 мард ва 2 зан кушта шудааст. "Мо ба ҷуз аз фурӯхтани дору надорамон ва харидани силоҳ чораи дигаре надорем. Мо маҷбурем, ки зидди "Толибон" ва "Давлати исломӣ" биҷангем", - гуфт Абдулманнон. Тибқи бархе аз сарчашмаҳо, дар Афғонистон наздики 1 миллион туркмантабор ба сар мебарад.

Видеоҳои охирин

Говҳоямонро дар куҷо забҳ кунем?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:13 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG