Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз “Марши миллионҳо” дар Болотная панҷ сол гузашт. ВИДЕО


Гирдиҳамоӣ дар майдони Балотная. 6 майи 2012
Гирдиҳамоӣ дар майдони Балотная. 6 майи 2012

Аз ҳодисаи гирдиҳамоии “Марши миллионҳо”-и мухолифин дар майдони Болотнаяи шаҳри Маскав панҷ сол сипарӣ шуд. Ин гирдиҳамоӣ бо задухӯрди тазоҳургарон ва пулис анҷом ёфта буд ва мақомот онро бетартибии дастҷамъӣ донистанд. Он замон аз 400 то 700 нафар боздошт шуда, Кумитаи тафтишотии Русия зидди баъзе аз онҳо парвандаи ҷиноӣ ҳам боз кард.

Ҳар сол рӯзи 6 май фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хешовандони гумонбарони “Парвандаи Болотная” мехоҳанд ба ин майдон бираванд. Аммо аз соли 2014 ба ин тараф мақомоти Маскав барои баргузории гирдиҳамоӣ дар майдони Болотная иҷозат намедиҳанд ва иштирокдорони онро боздошт мекунанд. Имсол мақомоти пойтахти Русия барои гирдиҳамоии мухолифин танҳо дар хиёбони Сахаров, дар маркази шаҳр, розӣ шуданд.

Бино ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ дар ин гирдиҳамоӣ садҳо нафар иштирок карда, алайҳи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, шиор доданд. Панҷ сол пеш низ дар ҳамин рӯз ҳазорҳо шаҳрванди Русия дар майдони Болотнаяи Маскав алайҳи интихоби дигарбораи Путин ба эътироз карданд.

XS
SM
MD
LG