Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии хунин дар марзи Покистону Афғонистон


Қурбониҳои даргирии нерӯҳои Покистон ва Афғонистон дар минтақаи Чаман. 5 майи соли 2017
Қурбониҳои даргирии нерӯҳои Покистон ва Афғонистон дар минтақаи Чаман. 5 майи соли 2017

Мақомот мегӯянд, ки рӯзи 5 май дар пайи даргирии нерӯҳои Покистон ва Афғонистон дар минтақаи Чаман дастикам 13 нафар ҳалок ва 80 тани дигар захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи мақомоти низомии Покистон марзбонҳои Афғонистон ба сӯи сарбозе, ки тими барӯйхатгирии аҳолиро ҳамроҳӣ мекард оташ кушод.

"Сар аз 30 апрел марзбонҳои Афғонистон ба маъракаи шумориши аҳолӣ дар рустоҳои тақсимшудаи Килли Луқмон, Килли Ҷаҳонгир ва Чамани қаламрави Полкистон монеа эҷод мекунанд" - омадааст дар изҳороти мақомоти низомӣ, ки рӯзи ҷумъа пахш шуд.

Насимуллоҳ, як табиби бемористони Килли Абдуллоҳ ба хабаргузории "DPA" гуфт, ки 9 нафар бар асари гулӯлаборон қурбон шуданд. Ба гуфти ӯ, 45 нафар, бо шумули 12 кӯдак ва шаш ходими амният захм бардоштанд.

Матбуот дар Афғонистон аз қавли раиси Бахши амният гуфт, ки дар ин даргирӣ чаҳор ходими амниятии Афғонистон кушта, 14 корманди пулис ва 23 афроди мулкӣ маҷрӯҳ шуд.

Дар ин даргирӣ, ки субҳи барвақт дар гузаргоҳи ҷанубу ғарби Покистон ва ҷануби Афғонистон ҷараён гирифт, ҷонибҳо якдигарро гунаҳкор мекунанд.

Зиё Дуронӣ, сухангӯи раиси пулиси Қандаҳори Афғонистон ҷониби Покистонро ба ин муттҳам кард, ки бо баҳонаи шумориши аҳолӣ ба ҷангиён кӯмак мекунанд, ки ноаён ба қаламарви Покистон гузаранд.

XS
SM
MD
LG