Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба хабарнигори "Новая Газета" паноҳгоҳ надод


Алӣ Фируз - хабарнигори "Новая Газета"
Алӣ Фируз - хабарнигори "Новая Газета"

Мақомоти Русия дархости паноҳандагии Алӣ Фирӯз, (Худойбердӣ Нурматов) хабарнигори ғайриштатии нашрияи "Новая Газета", ки шаҳрванди Узбакистон аст, рад карданд. Дар ин бора хабаргузории "РИА-Новости" рӯзи 4 май бо такя ба манбае дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот гузориш дод. Вазорати дохилии Русия ин хабарро расман шарҳ надодааст.

Акнун, Нурматов маҷбур аст аз қаламрави Русия хориҷ шавад. Дар акси ҳол ӯро ба боздоштгоҳи муваққатӣ мебаранд ва баъдан аз қаламрави ин кишвар ихроҷ мекунанд.

Шаҳрванди Узбакистон Худойбердӣ Нурматов миёнаҳои моҳи март барои нақзи қонуни муҳоҷират дар Маскав боздошт шуд. Санадҳои ӯ мушкил доранд. Шиносномаи хабарнигорро соли 2012 дуздиданд ва ӯ натавонист онро дубора барқарор кунад. Барои барқарор кардани шиноснома Нурматов бояд ба Узбакистон баргардад, ки ба гуфтаи худаш дар он ҷо ӯро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ муттаҳам мекунанд.

Нурматов аз мақомоти Русия дархости паноҳандагӣ кард, аммо посух нагирифт. Сардабири "Новая Газета" Димитрий Муратов аз президент Путин хоҳиш кард, ки ба Нурматов ҳақи паноҳандагӣ диҳанд. Аммо Кремл мегӯяд, ки онҳо ингуна дархостро дарёфт накардаанд.

XS
SM
MD
LG