Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Интерпол" аз ҷустуҷӯи Янукович даст кашид


Раиси ҷумҳури собиқи Украина Виктор Янукович
Раиси ҷумҳури собиқи Украина Виктор Янукович

Пулиси байналмилал ё худ "Интерпол" кофтукоби президенти пешин ва фирории Украина Виктор Януковичро, ки дар хиёнат ба давлат ва куштори беш аз 100 одам айбдор мешавад, қатъ кард.

Ба иттилои "Украинская правда" дар ин бора "Интерпол" ба мақомоти Украина хабар додааст. Ҳамчунин, номи писари ӯ Александр Януковичро низ аз рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯ бардоштаанд.

Бюрои миллии "Интерпол" дар Украина тамоми маълумотҳои дарёфтии худро ба Додситонии кулли ин кишвар супурдааст.

Дар шаҳри Киев 4 май мурофиаи ибтидоии марбут ба парвандаи Виктор Янукович баргузор шуд. Януковичро дар хиёнат ба давлат ва даст доштан дар куштори беш аз 100 одам ҳангоми ҳодисаҳои Майдон дар моҳи феврали соли 2014 айбдор мекунанд. Он замон порлумони Украина ӯро аз мақоми президентӣ барканор карда буд.

Президенти пешини Украина ҳоло дар Русия, ки ба ӯ паногоҳ додааст, зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG