Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 3 май бо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Сочӣ мулоқот кард ва гуфт, ки ду кишвар равобитро дар "шакли комил" барқарор мекунанд.
Путин Эрдуғонро барои натиҷаҳои назархоҳии чанде пеш, ки салоҳияти президентро хеле густариш медиҳад табрик кард. Ӯ гуфт "бисёр корҳое, ки мову шумо анҷом медиҳем хусусияти "консептуалӣ" доранд ва бояд дар порлумон матраҳ шаванд."
Ҳарду раиси ҷуҳмур низои Сурияро баррасӣ карданд. Раиси ҷумҳури Туркия гуфт, ки барои хатми низои Сурия Маскав ва Анқара бояд якҷо талош кунанд.
Равобити Русия бо Туркия, ки ҳарду аз тарафҳои ба ҳам муқобили низои Сурия пуштибонӣ мекунанд, соли 2015 дар ҳоле сард шуд, ки Туркия ҳавопаймои ҷангии Русияро дар марзи Туркия бо Сурия сарозер кард.
Ҳоло ин ду кишвар музокироти сулҳи Сурияро дар Осиёи Марказӣ миёнҷигӣ мекунанд.
Русия аз ҳукумати Башор Асад ва Туркия аз мухолифини Асад пуштибонӣ мекунад.