Пайвандҳои дастрасӣ

Остона: Музокироти сулҳи Сурия пушти дарҳои баста ҷараён дорад


Вазорати умури хориҷии Қазоқистон

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, гуфтугӯҳои дуҷониба рӯзҳои 3 ва 4 май пушти дарҳои баста доир мешаванд. Ҷонибҳои гуфтушунид вориди Остонаи Қазоқистон шуданд. Роҳбари ҳайати мухолифони мусаллаҳи Сурия Муҳаммад Аллуш, роҳбари созмони "Ҷайш ал-Ислом" низ дар ин гуфтугӯҳо ширкат мекунанд. Нисфирӯзии 4 май ҷаласаи васеъ ва нишасти хабарӣ дар назар аст. Ба иттилои вазорат, гуфтугӯҳо нисфирӯзии вақти Остона оғоз гардиданд.

Фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия Стеффан де Мистура рӯзи 3 май ба хабарнигорон гуфт, барои омодагии беҳтар дар оғоз ҷаласаҳои дуҷониба баргузор мешаванд

Бори аввал ҳайати амрикоӣ бо роҳбарии ёвари котиби давлатӣ дар умури Шарқи Наздик Стюарт Ҷонс дар ин гуфтугӯҳо ширкат меварзад.

Дар Остона то кунун се даври гуфтугӯҳои сулҳи Сурия доир шуд, ки бори охир мухолифон аз ширкат дар гуфтугӯҳо худдорӣ карданд. Барои ширкат дар нишасти охир кишварҳои кафил, инчунин фиристодаи махсуси дабири кулли СММ дар умури Сурия Стеффан де Мистура вориди Қазоқистон шуданд. Ҳайати ҳукуматии Сурияро Башор Ҷаъфарӣ - намояндаи доимии Сурия дар СММ роҳбарӣ мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG