Пайвандҳои дастрасӣ

"Облава"-и хонандаи синфи 10 дар Нуробод


Наздикони Илҳомиддин Мирзоев -- хонандаи синфи 10-и яке аз мактабҳои ноҳияи Нуробод иддао доранд, ки кормандони комиссарияти ҳарбӣ ӯро бо истифода аз зӯр ба хизмати аксарӣ гирифта ва ба Бадахшон фиристодаанд. Волидони ин ҷавон ба Додситонии ҳарбии гарнизони низомии Рашт шикоят бурдаанд ва ҳоло қазияи ба артиш бурдани Илҳомиддин Мирзоев мавриди баррасӣ қарор дорад.

Боғигул Шоева, сокини ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод рӯзи 3 май ба Радиои Озодӣ гуфт, фарзандаш тақрибан як ҳафта пеш аз сӯи кормандони комиссариати ҳарбӣ, пулис ва ҷамоат "облава" шуд ва ҳоло аз ӯ ҳеҷ хабар надоранд. Вай иддао дорад, ки писараш Илҳомиддин ба имтиҳонҳои солона омодагӣ медид, вале ба баҳонаи инки синни вай барои хизмат мувофиқ аст, ӯро ба артиш бурданд.

Рустам Саломов, мудири мактаби рақами 3-и ноҳияи Нуробод низ дар тасдиқи суханони модари Илҳомиддин ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони комиссарияти ҳарбӣ ба исрори онҳо дар мавриди ба артиш набурдани ин талаба то хатми мактаб эътибор надода, бо баҳонаи инки ӯ як сол дар синфаш мондааст ва синнаш барои хизмат дар Артиш мувофиқ мебошад, ӯро бо худ бурданд.

Рустам Саломов гуфт, Илҳомиддин пас аз хатми синфи 9 ба яке аз омӯзишгоҳҳои Душанбе ҳуҷҷат супорид, вале муваффақ нашуд ва баргашта дар ҳамин мактаб ба таҳсили худ идома дод.

Зафар Бобозода, муфаттиши Додситони ҳарбии гарнизони ноҳияи Рашт гуфт, воқеан, аризаи волидони Илҳомиддин Мирзоевро қабул кардаанд ва дар доираи қонун онро омӯхта, сипас, хулосаи худро пешниҳод хоҳанд кард. Вай гуфт, тибқи қонунгузорӣ, вақте як ҷавон дар мактаби ҳамагонӣ таҳсил мекунад ва онро хатм накардааст, ба артиш бурда намешавад.

Ба анҷоми мавсими даъвати баҳорӣ ба артиш расо 1 моҳи дигар мондааст. Бо онки мақомот вуҷуди "облава"-ро рад мекунанду аз афзоиши ихтиёриён хабар медиҳанд, зангҳои телефониву муроҷиатҳо дар мавриди иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон аз роҳу манзили зист ва коргоҳ зиёд мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG