Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клеппэр: "Русия тавонист дар ҷомеи Амрико ихтилоф эҷод кунад"


Ҷеймс Клеппэр
Ҷеймс Клеппэр

Бо дахолат ба умури интихоботи соли 2016 Русия тавонист дар ҷомеаи Амрико ихтилофи сиёсӣ эҷод кунад ва шояд ин муваффақият роҳро ба такрори дахолати Маскав ба равандҳои сиёсии Ғарб боз кунад. Дар ин бора Ҷеймc Клэппер, ходими баландпояи истихбороти ИМА дар маъмурияти президенти собиқ Барак Обама, рӯзи 2 май дар донишгоҳи Ҳарвард назар дод.

Раҳбари собиқи Идораи истихбороти ИМА Ҷеймс Клэппер ва раиси собиқи кумитаи истихборот Майк Роҷерс ба ин натиҷа расидаанд, ки Русия ба ҳадаф расид ва метавонад ин таҷрубаро дар интихоботҳои Фаронса ва Олмон такрор кунад.

"Ҳадафи онҳо коштани тухми норозигӣ ва нобоварӣ ба интихоботҳои мо буд. Онҳо мехостанд, ки баъди анҷоми маърака мо аз гулӯи якдигар бигирем"- гуфт Майк Роҷерс."Ин ба назари ман ҳоло низ ба раванди қонунгузорӣ таъсир мегузорад. Маълум шуд, ки хеле муваффақ шуданд".

Якчанд кумитаи Конгресси ИМА масъалаи дахолати Русия ба умури интихоботро таҳқиқ мекунанд. Моҳи январ хадамоти махсуси Амрико ба ин натиҷа расид, ки президенти Русия Владимир Путин ба рахнагарӣ дар компютерҳои Ҳизби Демократи Амрико дастур дод, то интихобот ба фоидаи номзади ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп анҷом шавад.

Маскав натиҷагирии истихбороти Амрико оид ба дахолатро рад кард.

Клэппер гуфт, муддатҳост, ки Русия мехост ба тасмимгириҳои райъдиҳандаи Амрико таъсир гузорад, аммо дарёфт, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбук ва пахши хабарҳои дуруғин роҳи осонтарин ва арзонтарин аст. "Ба назари ман далелҳои исботи ин дахолат мутлақ ва инкорнашаванда аст. Онҳо бояд ин амали худро комёбии бузург арзёбӣ кунанд. Онҳо ин шеваро дар Фаронса ба кор бурданд ва акнун аз он дар Олмон кор мегиранд" - гуфт Ҷеймс Клэппер.

Русия кӯшиши дахолат ба умури интихоботи Фаронсаро, ки даври дуюми он рӯзи 7 май баргузор мешавад, низ рад мекунад.

Майк Роҷерс мегӯяд, ӯ бовар надорад, ки Русия махсус шонсҳои пирщзии Трампро афзоиш дод. Ин гуфта хилофи изҳороти Ҳиллари Клинтон аст, ки рӯзи 2 май гуфт, ки пахши паёмҳои электронии Ҳизби Демократ ба пирӯзии Трамп дар даҳ рӯзи ахири маъракаи интихоботӣ таъсир гузошт. Роҷерс гуфт, ки 10 рӯз қабл аз баргузории интихобот тамоми назарсанҷиҳо пирӯзии Клинтонро пешгӯӣ мекарданд.

XS
SM
MD
LG