Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилон: интихоботи президентии Қирғизистон 15 октябр баргузор шавад


Назархоҳии умумӣ дар Қирғизистон. 10 декабри соли 2016 (акс аз бойгонӣ)

Раҳбари ҷиноҳи порлумонии Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Исо Омурқулов пешинҳод дорад, ки интихоботи президентии ин кишвараш 15 октябри баргузор шавад. Вай дар ин бора ба кумитаи дахлдори порлумон дархост фиристод.

Тибқи дархости Омурқулов, интихобот на 19 ноябр балки бояд 15 октябр доир шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати ба даври дувум рафтани интихобот, раъйпурсӣ ба рӯзҳои таҷлили Соли нави мелодӣ рост меояд.

Пештар аз ин роҳбари ҷиноҳи порлумонии ҳизби "Ота Макон" пешниҳод карда буд, ки интихоботи президентӣ моҳи августи имсол доир шавад. Аммо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон гуфт, интихобот ба 19 ноябр барномарезӣ шудааст.

Видеоҳои охирин

Рустами Эмомалӣ ба корхонадорон: "Ё ба кор андозед, ё мусодира мекунем"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG