Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши HRW дар бораи ҳамлаи кимиёии Сурия нашр шуд


Созмони байналмилалии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch (HRW) гузориши худро дар бораи ҳамлаи кимиёии Сурия нашр кард. Дар ин гузориш далелҳои наве оварда шудаанд, ки истифодаи силоҳи кимиёиро аз тарафи неруҳои ҳукумати Сурия тасдиқ мекунанд.

Ба назари коршиносон, ки бо даъвати ҳомиёни ҳуқуқ аксҳоро аз маҳалли ҳодиса омӯхтаанд, ба шаҳр бомбае партоб шудааст, ки шӯравӣ барои истифода бо гази сарин истеҳсол карда буд. Дар гузориш назарпурсии шоҳидони ҳамлаи кимиёиро низ овардаанд. HRW ин амали ҳукумати Сурияро ҷинояти зиддиинсонӣ номид.

Ба иттилои хабаргузории Франс-Пресс, Маҷмаи умумии СММ дар ростои таъсиси гуруҳи махсуси кориест, ки парвандаи ҷиноятҳои ҳарбиро дар Сурия таҳия хоҳад кард. Ин парванда ба ниҳодҳои байналмилалӣ дар ҷамъоварии далелҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани дастандаркорон мусоидат мекунад. Димишқ тасмими мазкурро маҳкум карда, онро дахолат ба умури дохилии Сурия номид.

Мухолифони Сурия 4 апрел хабар доданд, ки дар натиҷаи ҳамлае дар Хон-Шайхун даҳҳо одам ҷон дод. Ба гумони табибони маҳаллӣ, дар ин ҳамла гази фалаҷкунандаи аъсоб истифода шудааст. Шӯришгарон ва кишварҳои ғарбӣ дар ҳамлаи мазкур ҳукумати президент Башор Асадро айбдор карданд.

XS
SM
MD
LG