Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози мухлисон аз бохти "Ҳосилот" ба ССКА "Помир". АКС


Ҳаводорони дастаи “Ҳосилот”-и Фархор бохти ин дастаро ба ССКА “Помир”-и Душанбе таҳаммул накарда, ба нишони норозигӣ варзишгоҳро тарк карданд. Бозии “Ҳосилот”-у ССКА “Помир” баъди зуҳри 30 апрел дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор баргузор ва бо ҳисоби 0:4 ба фоидаи дувумӣ анҷом шуд. Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, тақрибан ду ҳазор нафар барои тамошои бозӣ вориди варзишгоҳ шуда буданд. "Арзиши билет даҳ сомонӣ буд. Мухлисон бовар доштанд, ки даста онҳоро хурсанд мекунад. Аммо ягон тӯбро ба ҳадаф нарасонданд, варзишгоҳро ба нишони норизоӣ тарк карданд", - гуфт ӯ.

Бозигарони “Ҳосилот” ин дафъа бе сармураббӣ рӯи майдон омаданд. Ҳафтаи гузашта Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев – сармураббии дастаи "Ҳосилот"-и Фархор баъди бохти бозӣ ба ССКА “Помир”-и Душанбе ба ҳисоби 0:1 аз вазифааш истеъфо дод. Ин аввалин истеъфои сармураббии тими Лигаи олӣ дар мавсими имсолаи футболи Тоҷикистон буд.

Аммо Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сабаби аслии истеъфояш ба мушкили молии даста рабт дорад. Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев мегӯяд, беш аз чаҳор моҳ боз аъзои дастаи “Ҳосилот” маош нагирифтаанд ва ба ин далел бархе аз бозигарони калидӣ, аз ҷумла Иброҳим Рабимов, Ойбек Абдуғаффоров ва легионери узбакистонӣ Сайриддин Ғаффоров, дастаро тарк намудаанд.

"Ҳосилот" ба мисли дастаҳои пурмухлистарини "Равшан"-и Кӯлоб, "Далерон-Ӯротеппа"-и Истаравшан ва "Хайр"-и Ваҳдат ҳазорон ҳаводорашро хушнуд мекард. Вале имрӯз бо ин дастаҳо ҳамтақдир шуда, дар сурати ҳимояти молӣ наёфтан бо Лигаи олӣ худоҳофизӣ хоҳад намуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG