Пайвандҳои дастрасӣ

Поп хостори ҳалли таниш миёни Амрико ва Куриёи Шимолӣ шуд


Поп Франсис

Поп Франсис – раҳбари католикҳои ҷаҳон – хостори миёнҷигарии кишвари севум барои ҳалли таниши байни Амрико ва Куриёи Шимолӣ шуд. Ӯ 30 апрел дар поёни сафари дурӯзааш ба Миср, дар суҳбат бо хабарнигорони ҳозир дар ҳавопаймо аз эҳтимоли як ҷанги густарда ҳушдор дод. Раҳбари католикҳои ҷаҳон гуфт, ки агар танишҳои ҳозира дар шибҳаҷазираи Куриё ба ҷанги густарда табдил шавад, теъдоди қобили таваҷҷуҳи одамонро ба коми марг хоҳад бурд. Поп Франсис дар ин суҳбаташ аз Норвегия ба унвони яке аз минёравони тавоно барои ҳалли таниш ном бурд. Норвегия дар аввали солҳои навадум музокироти маҳрамона миёни Исроилу раҳбарони Фаластиниро тартиб дода буд, ки ниҳоят бо имзои тафовуқи Осло анҷомид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG