Мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон амалиёти ҷустуҷӯи ҷасади 24 сокини рустои Аюуи ҷамоати Заргари вилояти Ӯшро муваққатан қатъ кардаанд. Субҳи 29 апрел дар натиҷаи фаромадани ярч дар ин русто 24 нафар, аз ҷумла нуҳ кӯдак ҷон бохтанд.
Дайирбек Каримов, масъули Идораи ҳолатҳои изтирории вилояти Ӯш, рӯзи 30 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта дар маҳалли ҳодиса барфу борон борида ва ҷустуҷӯи ҷасадҳоро мушкил кардааст. Вай гуфт, пешниҳод шудааст, ки ҷустуҷӯ пурра қатъ шуда ва маҳалли ҳодиса ба қабристон табдил шавад.
“Ҳоло бо хешутабори ҳалокшудаҳо дар ин бора гуфтугӯ ҷараён дорад. Агар онҳо ризо шаванд, мо ин масъаларо расман баррасӣ мекунем”, - афзуд Дайирбек Каримов. То кунун ягон ҷасад ёфт нашудааст.
Бо қарори раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи якшанбе дар ин кишвар мотами миллӣ эълон шуда, пахши ҳамагуна барномаи шоду тафреҳии телевизионҳои давлатӣ мутаваққиф гардидааст. Дар Тоҷикистон низ моҳи апрели соли 2015 бар асари канда шудани як теппаи хок дар ноҳияи Файзобод 10 нафар ва асосан ҷавонон ҷон бохта, ҷустуҷӯи ҷасадашон беш аз се моҳ идома карда буд.