Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Озарбойҷон 4 расонаи мустақилро ҳадаф қарор доданд


Рамзи бахши Озарии Радиои Озодӣ

Додгоҳи ноҳиявии шаҳри Бокуи Озарбойҷон ба баррасии даъвои ҳукумат барои бастани чаҳор расонаи мустақил, аз ҷумла бахши озарбойҷонии Радиои Озодӣ шуруъ кард. Фаик Фармонов, раиси маркази амнияти электронӣ ва фанновариҳои замонавии ин кишвар барои бастани расонаҳои мустақил ба додгоҳ шикоят бурд.

Ҷаласаи нахустини додгоҳӣ 27 апрел ба таври кӯтоҳ баргузор шуд. Ҷаласаи навбатӣ ба 1 май барномарезӣ шудааст.

Тибқи санадҳое, ки дар додгоҳ муаррифӣ шуд, вазорати нақлиёт бо дастури додситонии кулли ин кишвар сар аз 27 май дастрасӣ ба чаҳор сомонаро маҳдуд мекунад. Ниҳоди мазкур даъво дорад, ки бахши озарии Радиои Озодӣ ва дигар расонаҳои мустақил ба амнияти миллии кишвар "хатар доранд".

Президенти Радиои Озодӣ Томас Кент амали вазорати мазкурро талоши "сензураи ошкоро барои тарс додани расонаҳои мустақил" номид. Вай гуфт, "ин тасмим ба ҷуз аз таҳқири конвенсияҳои байналмилалӣ ва қонунҳои асосӣ чизи дигареро ба намоиш намегузорад".

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG