Пайвандҳои дастрасӣ

Як духтари туркман дар Туркия худро аз пул ба дарё андохт


Дар ноҳияи Орифияи Туркия, наздикии шаҳри Истамбул духтаре аз Туркманистон худро аз болои пул ба дарё андохта, мехост худкушӣ кунад. Бино ба хабари расонаҳои Туркия, ин ҳодиса шаби 25 апрел рух дода, мушкилоти хонаводагӣ сабаб шудааст, то духтари туркман Д. М. қасди худкушӣ кунад.

Моҳигирҳои маҳаллӣ духтарро дар болои пул дида, зуд ба пулис ва ёрии таъҷилӣ занг задаанд. Вале ӯ бо вуҷуди талоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва табибон барои пешгирӣ аз вуқуи ҳодиса худро ба дарё партофт. Дар натиҷа кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулоддаи Туркия духтарро наҷот доданд ва феълан дар беморхона бистарӣ аст.

Тавре масъулини беморхона ба Бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар доданд, вазъи саломатии шаҳрванди Туркманистон мӯътадил буда, пулиси Орифия санҷиши ҳодисаро оғоз кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG