Пайвандҳои дастрасӣ

Зарардидаҳои суқути ҳавопаймои Қирғизистон $1,5 миллион кумак гирифтанд


Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон кумаки шаҳрвандони ин кишвар ба зарардидаҳои суқути ҳавопайморо, ба суратҳисоби зарардидаҳо интиқол дод.

Тавре хадамоти матбуотии вазорат иттилоъ медиҳад, ба суратҳисоби махсуси вазорати ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон бештар аз 100 миллион сом - муодили 1,5 миллион доллар ворид шуд.

Бо хоҳиши худи зарардидаҳо, маблағи ҷамъшуда ҳалли мушкили аввалиндараҷаи онҳо, аз ҷумла харидории манзили зист сарф мешавад.

Ҳамчунин интизор меравад, ширкати ҳавопаймоии туркии "ACT Airlines" низ барои зарардидаҳо ёрии моддӣ расонад.

Ҳавопаймои борбари "Боинг-747-400" субҳи 16 январи соли ҷорӣ дар наздикии фурудгоҳи "Манас"-и шаҳри Бишкек суқут кард. Дар натиҷаи ин ҳодиса 39 одам кушта шуд

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG