Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ фармони Трампро дар бораи "паноҳгоҳи муҳоҷирон" боздошт


Эътрозгарон бо шиорҳои тарафдорӣ аз муҳоҷират
Эътрозгарон бо шиорҳои тарафдорӣ аз муҳоҷират

Рӯзи сешанбе додгустари аёлати Сан-Франсискои ИМА фармони президенти ин кишвар Доналд Трампро аз амал боз дошт. Тибқи фармони Трамп, шаҳрҳои маъруф ба паноҳгоҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз маблағгузории федеролии бархе барномаҳояшон маҳрум мешаванд.

Додгустар Уиллям Оррик бо даъвогарон, ки миёнашон шаҳри Сан-Франсиско ва чанд минтақаи Калифорния низ ҳастанд, розӣ шуд. Даъвогарон мегӯянд, фармони президент ба онҳо "зиёни ҷуброннопазир" мерасонад ва эҳтимол дорад, фармони мазкур дар оянда зиддиконститутсионӣ эътироф шавад.

Дар ҳоли ҳозир чанд додгоҳ масъалаи қонунӣ будани фармони Доналд Трампро месанҷад. Трамп бо ин фармон мехоҳад, ба мақомоти шаҳрҳое, ки ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ паноҳгоҳ додаанд, фишор орад, то онҳо дар навбати худ муҳоҷирони қонуншиканро ба ихтиёри мақомоти умури муҳоҷират супоранд. Додгоҳҳо бояд масъалаи тақсимоти уҳдадориҳоро дар мавриди иҷрои фармони мазкур байни мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ ҳал кунанд. Дар қонуни амалкунандаи федеролӣ омадааст, мақомоти маҳаллӣ танҳо уҳдадоранд, ки аз вазъи ҳуқуқии муҳоҷирон хадамоти муҳоҷиратро огаҳ созад.

Ин севумин фармони президентӣ аст, ки барои танзими бахши муҳоҷират имзо мешавад, аммо аз сӯи додгоҳҳои амрикоӣ масдуд мегардад. Ду фармони аввал, ки додани визаро ба шаҳрвандони ҳафт кишвари мусалмоннишин манъ мекард, ду моҳи пеш аз сӯи додгоҳҳо масдуд шуд.

XS
SM
MD
LG