Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ гумонбари озори ҷинсии ятимони Петербург боздошт шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия Кумитаи тафтишотии ин кишвар дар пайи қазияи озори ҷинсӣ дар яке аз парваришгоҳҳои Петербург ҳашт парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Бино бар иттилои тафтишот, сар аз соли 2005 то 2010 дар яке аз ятимхонаҳои ноҳияи Кирови Петербург як гуруҳ одамон амали дорои озори ҷинсиро нисбати чаҳор тарбиятгирандаи ятимхона "мунтазам" анҷом додаанд.

Дар пайи тафтишот панҷ гумонбар - муовини мудири ятимхона, ду хатмкунанда, хеши яке аз кормандони ятимхона, мудири мактаби тобеи ятимхона боздошт шудааст.

Бино бар иттилои нашрияи "Фонтанка", дар парванда ҳадди ақал шаш нафар - тарбиятгирандагони пешини ятимхонаи №10 ҳамчун ҷабрдида эътироф шудаанд.

Нақли сокини 26-солаи Петербург бо номи Яков дар бораи хушунат аз сӯи тарбиятгирандагони ятимхона сабаби тафтиш шуд.

XS
SM
MD
LG