Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ: шумори рӯзноманигорони кушташудаву зиндонӣ меафзояд


Ҷоел Симон
Ҷоел Симон

Тибқи иттилои созмони "Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон" (CPJ), соли 2016 дар саросари ҷаҳон 259 рӯзноманигори зиндонӣ мавҷуд буд. Ин созмон мегӯяд, аз соли 1990 то кунун ин болотарин нишондод аст.

Дар ҳисоботи CPJ омадааст, дар панҷ соли охир дар ҷаҳон 332 рӯзноманигор кушта шудааст, ки ин ҳам болотарин нишондод аст. "Дар воқеъ, давраи мазкур барои хабарнигорон хатарноктарин ва маргбортарин аст", - гуфт мудири иҷроияи CPJ Ҷоэл Саймон.

Дар гузорише, ки 25 апрел Ҷоэл Саймон муаррифӣ кард, дар пасманзари афзоиши шумори хабарнигорони зиндонӣ ва кушташуда абзорҳои нави расонаӣ ҳар чӣ бештар аз сӯи ҳукуматҳои худкома истифода бурда мешаванд. Сарфи назар аз маъруфияти шабакаҳои иҷтимоӣ ва истифодаи саросарии телефонҳои ҳушманди наворбардор, ҳукуматҳои ғайридемократӣ иқдомҳояшонро зидди расонаҳо ва рӯзноманигорон бештар мекунанд.

Дар гузориш омадааст, ки ҳукуматҳои худкома дар ҳоли ҳозир нерӯ ва вақти зиёдашонро барои хомӯш ва мутеъ сохтани расонаҳо истифода мебаранд.

XS
SM
MD
LG