Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия дастикам 800 корманди пулисро боздошт кард


Раиси ҷуҳмури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Туркия 800 нафар, асосан ходимони пулисро боздошт кард. Амри боздошт барои 1000 нафар содир шудааст.

Амлиёти пулис дар чаҳорчӯби боздошти гумонбарони ҷонибдори рӯҳонии шинохта Фатҳулло Гулен, шаби 26 апрел дар саросари кишвар ҷараён гирифт. Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Гулен ва созмони ӯро ба кӯшиши табаддулот давлатӣ дар таърихи 15 июли соли 2016 муттаҳам мекунад.

Рӯзи чаҳоршанбе яке аз раҳбарони Порлумони Аврпуо Кати Пири гуфт, дар сурати қабул шудани дигаргуниҳо ба Қонуни асосӣ, ки салоҳиятҳои густардаро ба Эрдуғон медиҳад, Анқара дарвозаи ворид шудан ба Иттиҳоди Аврупоро ба рӯи худ мебандад.

16 апрел Туркия назархоҳии умумӣ баргузор кард, ки ба иттлои расмӣ таъғирот ба Қонуни асосиро пазируфт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG