Пайвандҳои дастрасӣ

Шведсия як гумонбари ҳамлаи Стокҳолмро озод кард


Стокҳолм -7 апрели соли 2017. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Шведсия яке аз гумонбарҳои қазияи амали террористӣ дар Стокҳолмро рӯзи 25 апрел озод карданд. Ин нафар рӯзи якшанбеи гузашта боздошт шуда буд. Пулис ва хадамоти махсус ҷустуҷӯи шарикони дигар ва ва фармоишгарони ин амали террористиро, ки масъулияти онро ҳеҷ гуруӯҳе бар дӯш нагирифт, идома медиҳанд.

Рӯзи 7 апрел ронандаи як мошини боркаши рабудашуда ба тӯдаи мардум ҳамла кард ва баъдан бинои маркази тиҷорат бархурд ва оташ гирифт. Дар ин ҳодиса чаҳор нафар ҳалок шуд ва 15 тани дигар захм бардошт. Мошинро шаҳрванди 39 солаи Узбакистон Раҳмат Оқилов идора мекард. Ӯ ҳоло дар боздошт қарор дорад ва ба гуноҳаш иқрор шудааст. Тафтишот мегӯяд, ки Оқилов бо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" робита дошт.

Рӯзи гузашта Хонаводаи Раҳмат Оқилов гуфтанд, ки бародари ӯ, Олим Оқилов рӯзи 23 апрел дар Узбакистон боздошт шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG