Пайвандҳои дастрасӣ

САҲА аз таҳдид шудани нозиронаш дар Донбасс хабар дод


Александр Ҳуг - ноиби раҳбари миссияи САҲА дар Украина

Нозирони маъмурияти махсуси мониторинги САҲА дар Донбасс давоми ду соли охир наздики 200 бор бо хатар рӯ ба рӯ шудаанд. Дар ин бора муовини роҳбари нозирон Александр Ҳуг иттилоъ дод.

Вай гуфт, гап дар бораи тирпарронӣ ба самт ва ё наздикии нозирон, таҳдид, инчунин зарар дидани васоили техникии нозирон, аз ҷумла дастгоҳҳои сабт ва мошинҳо меравад. Ин таҳдидҳо аз кадом тарафи низоъ сар задаанд, Ҳуг рӯшанӣ наандохт.

Ахиран дар минтақаи зери назорати ҷудоихоҳон дар вилояти Луҳански Украина мошини САҲА дар мина таркид. Корманди тиббии САҲА, шаҳрванди ИМА кушта шуд ва шаҳрвандони Олмону Чехия ҷароҳат бардоштанд.

ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ба таҳқиқи қазияи мазкур даъват карданд. Хадамоти амнияти Украина бо моддаи "теракт" парванда таъсис дод. Ҷудоихоҳони Донетск масъулияти марги корманди САҲА-ро бар дӯши артиши ҳукуматӣ гузоштанд.

Аз фардо нозирон ният доранд, назоратро дар минтақаи низои мусаллаҳонаи шарқи Украина қисман аз сар гиранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG