Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз назари ҳазинаҳои низомӣ ҷойи сеюмро ишғол кард


Раиси ҷуҳмури Русия Владимир Путин дар корхонаи тавлиди зиреҳпӯшҳо. 25 ноябри соли 2015.
Раиси ҷуҳмури Русия Владимир Путин дар корхонаи тавлиди зиреҳпӯшҳо. 25 ноябри соли 2015.

Коршиносони Муассисаи таҳқиқоти сулҳи байналмилалӣ рӯзи 24 апрел гузоришеро дар бораи харҷҳои низомии кишварҳо пахш кард, ки дар он Русия аз назари ҳазинаҳои низомӣ ҷойи сеюмро ишғол кардааст.

Бинобар ин таҳқиқот соли 2016 Маскав барои ниёзҳои ҳарбияш дастикам 70 миллиард доллар сарф сарф карда, харҷҳояшро то 6 дар сад боло бурд. То ин дам Арабистони Саудӣ дар ҷойи сеюм буд, ки акнун ҳазинаҳои низомияшро 30 дар сад коҳиш додааст.

Бинобар маълумоти Муассисаи таҳқиқоти сулҳи байналмилалӣ, ҷойи аввалро дар ин раддабандӣ бо 611 миллиард доллар Амрико соҳиб шудааст. Ҳамин тавр ҷойи дуюмро бо 215 миллиард Чин гирифта, панҷгонаи серхарҷтарин ниёзҳои низомиро Ҳиндустон 55 миллиард ҷамъбаст мекунад.

Авохири моҳи феврал Муассисаи таҳқиқоти сулҳи байналмилалӣ ба ин натиҷа расид, ки дар панҷ соли ахир Ийолоти Муттаҳида ва Русия аз содиркунандаҳои аслии силоҳ буданд ва асосан ниёзҳои Ховари Миёна ва Осиёро таъмин кардаанд.

XS
SM
MD
LG