Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафақахӯри узбак ба сӯи нозирони "Самарқанд-газ" тир андохт


Дар шаҳри Самарқанди Узбакистон сокини 62-солаи маҳаллаи "Юкори Хоҷа Соат" А. ба сӯи кормандони ширкати газ, ки барои ситонидани қарзи пули газ омаданд, бо силоҳи шикорӣ оташ кушод.

Ба иттилои яке аз муфаттишони додситонии шаҳр, корманди ширкати "Самарқанд-газ" осеби ҷиддӣ надидааст. "Ҳодиса ҳамчун сӯиқасд ба ҷони корманди давлатӣ ҳини иҷрои вазифа қайд шуда, зидди мӯйсафед, ки ҳоло дар ҳабс аст, парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ӯ то оғози мурофиаҳо дар ҳабс мемонад", - афзуд муфаттиш.

Як афсари Раёсати умури дохилии Самарқанд гуфт, силоҳи шикории А. дар қайд набуд. Ба гуфтаи яке аз фаъолони маҳалла, пирамард соҳиби нонвойхона аст ва 13 апрел кормандони ширкати газ ба хонаи ӯ омада, гуфтаанд, ки нонвойхонааш аз пули газ 15 миллион сӯм (ҳудуди 2 ҳазор доллари ИМА) қарздор аст ва бояд онро пардохт кунад.

"Мӯйсафед аз нозирони газ хост, ки муҳлат диҳанд, то қарзашро қисм-қисм пардохт кунад. Вале онҳо ӯро дашном дода, таҳқир карданд. Дар натиҷа мӯйсафед силоҳи шикориашро бароварда, онҳоро таҳдид мекунад. Аммо кормандони газ ба ин нигоҳ накарда, дашному таҳқирро идома медиҳанд ва мӯйсафед низ маҷбур мешавад, ки оташ кушояд", - изҳор дошт ӯ.

XS
SM
MD
LG