Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як нозири САҲА дар таркиши мина дар шарқи Украина


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо рӯзи 23 апрел гуфт, ки дар натиҷаи таркиши мина дар шарқи Украина як кормандаш кушта ва як корманди дигар маҷруҳ шудаанд. Себастиан Куртс, вазири умури хориҷии Австрия ва раҳбари давраии САҲА дар “Твиттер” дар ин бора хабар дод. Вай таҳқиқоти фарогири қазияро тақозо карда, гуфт, афроди гунаҳкор бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ҷудоиталабони тарафдори Русия гуфтаанд, ки мошини нозирони САҲА аз роҳи асосӣ хориҷ шуда, ба минтақаи хатарнок ворид шудааст. Дар моҳи феврали имсол ҳайати хоси нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шарқи Украина тирборон шуда буданд. Даргирии ҷудоихоҳон бо ҳукумати Украина дар шарқи ин кишвар аз баҳори соли 2014 ба ин тараф идома дорад ва дар ин муддат 9940 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG