Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон ба пойгоҳи артиши Афғонистон дар шимол ҳамла карданд


Акс аз бойгонӣ

Масъулони Вазорати дифои Афғонистон гуфтанд, ки афроди мусаллаҳ рӯзи 21 апрел ба пойгоҳи Артиши миллии ин кишвар, воқеъ дар вилояти Балх, ҳамла карданд. Ҳамлаварон дар тан либоси низомӣ доштаанд.

Сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон Давлат Вазирӣ гуфт, дар ҳамла ба пойгоҳи артиш, ки дар наздикии масҷиди Мазори Шариф ҷойгир шудааст, 8 сарбоз кушта шуда ва 12 тани дигар захм бардоштанд.

Ба қавли Вазирӣ, яке аз ҳамлагарон, ки бо мошин ба пойгоҳ ворид шуда буд, низ ба ҳалокат расид.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи Толибон бар дӯш гирифт.

Ҳамлаи ахир дар ҳоле сурат гирифт, ки рӯзи 8 апрел, дар ҷараёни амалиёт алайҳи Толибон 9 сарбози нирӯҳои амниятии Афғонистон аз таркиши бомбаи канори роҳ дар вилояти Балх ҷон доданд. Ба гуфтаи мақомот, дар амалиёт панҷ ҷангии мусаллаҳ низ ба ҳалокат расид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG