Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни таркиши метрои Петребург ба 16 нафар расид


Ёдбуди қурбониҳои таркиши метрои Петербург
Ёдбуди қурбониҳои таркиши метрои Петербург

Як қурбонии дигари таркиши 3 апрел дар метрои Санкт-Петербург дар бемористон даргузашт ва бо ин шумори қурбониёнро, бо шумули ҳамлагари интиҳорӣ Акбарҷон Ҷалилов, ба 16 нафар расонд. Хабари марги ин занро ноиби волии шаҳр Анна Митянина дар Twitter пахш кард.

То ҳол ҳамаи ҷасадҳо шиносоӣ нашудаанд. Бархе аз осебдидаҳо ҳанӯз дар бемористонҳои шаҳр табобат мегиранд. Аз таркиши бомба беш аз 50 нафар захм бардошт.

Рӯзи 20 апрел Хадамоти федеролии амният гуфт, ки фармоишгари ҳамларо муайян кардааст. Ҳамчунин ду бародар аз узбактаборҳои Қирғизистон - Акрам ва Аброр Азимовҳо бо иттиҳоми омода кардани Акбарҷон Ҷалилов ба амалиёти террорстӣ боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG