Духтари президенти ИМА Иванка Трамп рӯзи сешанбе бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раҳбари Бунёди байналмилалии асъор Кристин Лагард дар саммити бонувони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки дар шаҳри Берлин баргузор мешавад, мулоқот хоҳад кард.
Иванка мушовири ғайрирасмии падараш -- президенти ИМА Доналд Трамп аст. Ӯ ҳамроҳи Меркел ва Лагард дар саммити занони кишварҳои "Бистгонаи бузург", ки ду рӯз идома меёбад, дар бораи ҳимояти ҷаҳонии бонувони соҳибкор баҳс мекунад.
"Бистгонаи бузург"-ро соли равон Олмон раҳбарӣ мекунад. Дар саммити мазкури Берлин вазири корҳои хориҷии Канада Кристин Фриленд ва маликаи Нидерландия Максима низ иштирок хоҳанд кард.
Нақши Иванка ва ҳамзамон шавҳари ӯ -- Ҷаред Кушнер рӯз то рӯз дар умури давлатии ИМА боло меравад. Ба огаҳии Кохи сафед, Иванка Трамп аз академияи Siemens дар Берлин низ боздид хоҳад кард.