Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ExxonMobil мехоҳад "Роснефт"-ро аз рӯйхати таҳримҳо берун кунад


Владимир Путин ва Рекс Тиллерсон дар маросими имзои қарордоди ExxonMobil ва "Роснефт". 15 июни соли 2012
Владимир Путин ва Рекс Тиллерсон дар маросими имзои қарордоди ExxonMobil ва "Роснефт". 15 июни соли 2012

Ширкати ExxonMobil-и амрикоӣ аз Вазорати молияи ИМА хоҳиш кард, ки барои аз сар гирифтани тарҳҳои муштарак бо ширкати "Роснефт" иҷоза бидиҳад. Ин тарҳҳо дар ҳоле қатъ шуданд, ки Амрико дар посух ба ишғоли Қрим аз тарафи Русия ва пуштибонии ин кишвар аз ҷудоиталабони Украина, алайҳи якчанд ширкати русӣ, бо шумули "Роснефт", таҳрим ҷорӣ кард. Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal рӯзи чаҳоршанбе хабар дод.

Бар пояи ин таҳримҳо, ширкатҳои амрикоӣ ҳақ надоранд технологияи пешрафтаи истихроҷ ва ковиши захирагоҳҳои нафт дар минтақаи Арктика, Сибир ва Баҳри Сиёҳро дар ихтиёри "Роснефт" гузоранд.

Ба навиштаи The Wall Street Journal, ширкати ExxonMobil бо дархости берун кардани "Роснефт" аз рӯйхати таҳримҳо охири соли 2015 муроҷиат кард. Тирамоҳи соли 2014 маъмурияти Обама ба ExxonMobil иҷозат дод, ки ҳамкорӣ бо "Роснефт" дар Арктикаро то ба охир расонад. ExxonMobil мегӯяд, агар ширакт истисно нашавад, онҳо ҳуқуқи иктишофи нафт дар Баҳри Сиёҳро аз даст медиҳанд. Хисороти ExxonMobil дар ин сурат миллиардҳо доллар хоҳад буд.

Ба идораҳое, ки бояд ба ExxonMobil иҷозаи кор бо "Роснефт"-ро бидиҳанд, Департаменти давлатӣ ҳам шомил аст. Рекс Тиллерсон, раҳбари собиқи ExxonMobil ҳоло Котиби давлатии ИМА аст. Маълум нест, ки дархости берун кардани "Роснефт" аз рӯйхати таҳримҳо замони раҳбарии Тиллерсон ба ин ширакт ворид шуд, ё баъди гузаштани ӯ ба корҳои давлатӣ.

XS
SM
MD
LG