Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори Петербург баъди ҳамлаи моҳи март аз дунё даргузашт


Николай Андрушенко
Николай Андрушенко

Николай Андрушенко, рӯзноманигори рус, ки моҳи марти имсол мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта буд, дар ҳоли беҳушӣ аз дунё даргузашт. Бунёдгузори 73-солаи нашрияи "Новый Петербург" баъди ҳамлаи моҳи март дигар ба ҳуш наомад. Дар ин бора рӯзи 19 апрел сомонаи "Фонтанка" хабар дод.

Раҳбарияти "Новый Петербург" низ хабари марги ӯро тасдиқ карданд.

Рӯзноманигорро рӯзи 10 март дар яке аз кӯчаҳои Петербург ёфтанд. Табибон гуфтанд, ки ӯ зарбаи шадиди мағзӣ гирифтааст. "Интерфакс" аз қавли сардабири "Новый Петербург" Денис Усов мегӯяд, ки ҳамла ба Андрушенко метавонад ба навиштаҳои ӯ дар бораи муборизаи бетаъсир бо фасодкорӣ рабт бигирад.

Николай Андрушенко аз соли 1999 то 1993 намояндаи мардумӣ дар Шӯрои шаҳрӣ буд ва ҳамон вақт яке аз таъсисдиҳандагони нашрияи "Новый Петербург" шуд. Дар солҳои 2007-2009 рӯзноманигор ба тундгароӣ ва таҳқири мақомоти расмӣ муттаҳам шуд. Иттиҳоме, ки Андрушенко ҳамеша рад мекард.

XS
SM
MD
LG